Дар ҷараёни сафари корӣ ба Индонезия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин вазири умури хориҷии давлати Кувайт Муҳаммад Солим-ас-Сабоҳро ба ҳузур пазируфт.
Дар сӯҳбати самимию пурмуҳтаво бештар ба мавзӯоти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ, таҳкими муносиботи дӯстонаи Тоҷикистону Кувайт ва масъалаҳои дорои характери минтақавию байналмилалӣ мароқ зоҳир карда шуд.