Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Афғонистон

27.04.2005 14:00, Афғонистон

27 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҷалолатмаоб Ҳомид Карзай ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо сафари расмӣ ташриф овард.

Бояд тазаккур дод, ки ин сафари нахустини расмии Сарвари давлати хориҷӣ ба Афғонистон дар сатҳи олӣ баъди интихоботи Раёсати Ҷумҳурии Афғонистон мебошад.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Кобул Сарвари давлати Тоҷикистонро вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд. 

Сипас дар қасри Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маросими ташрифотӣ ба ифтихори боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор гашт. Дар маҳалли баргузории маросими расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай истиқбол намуд. 

Пас аз истиқболи расмӣ мулоқоти як ба яки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай баргузор гардид. Сарони давлатҳои дӯсту бародар атрофи муҳимтарин паҳлӯҳои ҳамкориҳои дуҷониба, робитаҳои  иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар масъалаҳои муҳим табодули назар намуданд.

Баъд аз мулоқоти як ба яки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқоти ҳайатҳои васеъи ду кишвар баргузор гардид.

Дар музокироти расмии ҳайатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, ки халқҳо ва кишварҳои мо пайвандҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ доранд. Ду кишвар ва мардумони онҳо таҷрибаи дерин ва ниҳоят арзишманди равобити дӯстӣ, ҳамкорӣ, ҳамёрӣ ва ҳамсоягии некро соҳибанд, ки аз имтиҳоноти сангини таърих муваффақона ва пирӯзмандона гузаштааст ва дар асл баёнгари сирати мардумони мост. Мо мӯътақидем, ки дар ин рӯзгори печида ва пурталотум ҳарду кишвари дӯст дорои манофеи муштарак ва умумӣ дар сатҳи минтақаи бузурги мо ва ҷаҳон мебошанд.

"Бо назардошти ин нуктаҳои бунёдӣ ва бо пайравӣ аз суннати неки ниёгон,- таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон, - мо аз оғози истиқлол эҳё ва густариши равобит ва ҳамкории васеъро бо Афғонистон аз самтҳои муҳимтарини сиёсати минтақавӣ ва байналмилалии давлати Тоҷикистон арзёбӣ мекардем ва менамоем. Ин сиёсати усулӣ ва стратегии мост, ки ба нафъи халқҳо ва кишварҳои мо, суботу амнияти минтақа ва ҷаҳон аст".

Тоҷикистон аз таҷрибаи таърихии худ ва дигарон хуб медонад, ки дастёбӣ ба субот, бозсозӣ ва рушди сареи иқтисодӣ роҳи душвор ва пурифтихорест, ки амали санҷида, масъулона ва дурандешонаро тақозо менамояд. Ҷонибҳо таҳким ва тақвияти пайгири низоми сиёсӣ ва идориро амри ниҳоят зарурӣ ва ҳаётӣ арзёбӣ намуданд.    

Зикр гардид, ки тиҷорати ду кишвар тайи чаҳор соли охир тақрибан чаҳор маротиба афзуда, аз 3 миллиони соли 2001 ба беш аз 11 миллион доллари соли 2004 расид, Тоҷикистон бо ташвиқи тиҷорати наздисарҳадӣ, субъектҳои ҳамкории тиҷоратӣ ва истифодаи захираҳо ва имконоти мавҷуд бидуни сарфи зиёд афзоиши чандкаратаи тиҷорати дуҷонибаро таъмин менамояд.

Зикр гардид, ки фақат бунёди Нерӯгоҳи азими Даштиҷум дар болои дарёи Панҷ бо иқтидори умумии соле 17 миллиард киловатт имкони онро муяссар месозад, ки ниёзи кишвари Афғонистон ва ҳатто минтақа бо нерӯи арзони барқ асосан рафъ гардад ва беш аз 1,5 миллион гектар замин дар шимоли Афғонистон обёрӣ шавад.

Эмомалӣ Раҳмон таклиф намуд, ки ду кишвар муштаракан ғояи таъсиси консорсиуми байналмилалии Нерӯгоҳи Даштиҷумро ба ниҳодҳои бузурги молиявии ҷаҳон пешниҳод намоянд.

Ҷонибҳо ҳамчунин, зикр намуданд, ки дар ин марҳалаи ҳассос ва сарнавиштсоз кишварҳои исломӣ бояд равобит ва ҳамкории худро таҳким бахшанд. Зарур аст, ки барои ҳифзи симо ва эътибори дини муқаддаси ислом, таъмини ҳуқуқҳои қонунӣ ва табиии кишварҳои исломӣ ва мусулмонони ҷаҳон ва пешгирии раванди харобиовари бархӯрди таммадунҳо талоши фаъоли муштарак сурат гирад.

Дар ҷараёни мулоқоту музокирот мавзӯоти муҳимми минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд. Тоҷикистон ва Афғонистон, ки дар қалби минтақа ҷойгиранд ва аз таҳаввулоти минтақавӣ зарари ҷиддӣ диданд, ба суботу амнияти пойдор ва ҳамкории васеи минтақавӣ ҳаётан манфиатдоранд.

Баъд аз мулоқоти ҳайатҳо маросими имзои созишномаҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор гардид.

Дар он Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии нек миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай)  ва як қатор созишномаҳо, аз ҷумла Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи ба таври мутақобил вогузор намудани  моликият барои Сафоратҳо, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи омадурафти бераводид бо шиносномаҳои дипломатӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, илм ва техника, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамлу нақл, транзити бор ва мусофирон, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи саноат, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ ва Ёддошти тафоҳум  дар бораи машваратҳои дуҷониба байни вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба имзо расиданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520