Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои узви ИДМ дар шаҳри Москва

08.05.2005 18:00, Русия

8 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои узви ИДМ ва тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 60-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Москва рафт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Россия Владамир Путин дар даромадгоҳи Президент-отели шаҳри Маскав, ки макони баргузории мулоқоти роҳбарони давлатҳои узви ИДМ муқаррар шуда буд, истиқбол гирифт.

Вохӯрии роҳбарони олимақоми ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон, Федератсияи Россия, Украина, Беларус, Молдова, Туркманистон, Қирғизистон ва Арманистон бо сухани ифтитоҳии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин оғоз ёфт.

Дар вохӯрӣ таъкид рафт, ки Ғалабаи Бузург дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 далели бебаҳои дӯстию рафоқати устувор ва ҳамдилии кулли халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

"Маҳз ҳамин рӯйдоди бузурги таърихӣ мардумони кишварҳои моро амиқан водор месозад, ки баҳри таҳкими робитаҳои дӯстонаи ҳамкорӣ, ба хусус муносибатҳои фарохтару пурсамари иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ ҳамаҷониба талош намоем", - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Сарони кишварҳои узви ИДМ таклифу пешниҳодоти мушаххаси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди вусъати мубориза алайҳи таҳдиди глобалӣ, аз ҷумла терроризм ва паҳншавии ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин татбиқи бетаъхири созишномаҳои қаблан қабулгардида, инкишофи ҳамкориҳои минтақавӣ, ҷалби сармоя баҳри истифодаи мақсадноки захираҳои энергетикӣ ва дигар масъалаҳои таконбахши муносибатҳои байнидавлатӣ бо қаноатмандӣ пазироӣ намуданд.

Вохӯрии Сарони давлатҳо бо имзои Эъломияи ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои узви ИДМ ба кори худ хотима бахшид.

Сипас дар Театри Калони давлатии академии шаҳри Москва тантанаҳои ҷашнӣ идома ёфтанд. Нахуст Сарони давлатҳои узви ИДМ бо намояндагони иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ мулоқот ва гуфтугӯ намуданд. Дар сӯҳбат зикр ёфт, ки бо нишони қадрдонию эҳтироми падарону бобоёни шӯҳратманд дар масъалаи ҳавасмандии моддию маънавӣ, таъсиси имтиёзҳои афзалиятноки рафтуомад ба кишварҳои узви ИДМ ва табобати бепули онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида шудааст ва дар оянда низ ин иқдом бештар мегардад.

Барномаи идонаи консертӣ бо иштироки устодони санъати Федератсияи Россия ба меҳмонон ва иштирокчиёни ҷамъомад хеле писанд омад.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:
facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520