Дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Манмохан Сингх мулоқот кард.
Мусоҳибон доир ба муҳимтарин масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши иқтисодиёту тиҷорат, бунёди роҳҳо, ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолию коркард, саҳмгузорӣ дар соҳаи азхудкунии захираҳои фаровони гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишофи туризм табодули афкор намуданд.
Сарвазири Ҳиндустон Манмохан Сингх даъвати қаблии раҳбарияти кишварашро бори дигар таъкид намуд ва афзуд, ки орзуманди дидор бо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳиндустон аст. Таърихи баргузории сафар бо роҳҳои дипломатӣ мушаххас мегардад.