Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 60-умин солгарди Ғалабаи Бузург дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

09.05.2005 13:00, Русия

Дар доираи барномаи сафари корӣ ба пойтахти Федератсияи Россия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 60-умин солгарди Ғалабаи Бузург дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон қатори роҳбарони баландпояи беш аз 50 мамолики дунё субҳи рузи 9 майи соли 2005 ба майдони назди Қасри Кремл омад. Дар ин ҷо бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат аз кулли мамолики собиқи Шӯравӣ паради ҳарбӣ доир шуд.

Расми гузашти ҳарбии намояндагони қӯшунҳои мухталифи артиш ва қисмҳои низомӣ, ки дар мубориза алайҳи фашистони бераҳм ҷонбозию фидокорӣ нишон дода, халқҳои дӯсту бародарро аз оташи ҷанг наҷот бахшиданд, хеле хотирмону пуршукӯҳ буд.

Сарони давлатҳои олам дар хатми гузашти низомӣ сари қабри аскари номаълум гулчанбар гузошта, хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро бо дақиқаи хомӯшӣ пос доштанд.

Баъди анҷоми сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми рӯзи 9 майи соли ҷорӣ аз шаҳри Маскав ба ватан баргашт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520