Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинар дар мавзӯи "Механизмҳои асосии рушди фазои иттилоотии дохилӣ ва берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

12.05.2005 16:00, шаҳри Душанбе

12 май дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба мусоидати сулҳ дар Тоҷикистон дар мавзӯи "Механизмҳои асосии рушди фазои иттилоотии дохилӣ ва берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон" семинар доир гардид.

Намояндаи Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари СММ оид ба мусоидати бунёди сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Владимир Сотиров аз ҷумла зикр намуд, ки амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 4-уми марти соли 2005 доир ба баргузории нишастҳои  матбуотӣ дар вазорату идора ва муассисаҳои гуногун роҷеъ ба натиҷаҳои фаъолияти семоҳа саривақтию зарурӣ мебошад.

Дар ин замина ҳамкории марказҳои матбуоти вазорату идораҳо бо кормандони воситаҳои ахбори омма сифатан беҳтар шуда, дастрасии бештари иттилоти зарурӣ таъмин мегардад.

Дар семинар ҳамчунин зарурати дар мамлакат таъсис ёфтани "Маркази миллии иттилоот" таъкид шуд, ки ҳадафи асосии фаъолияти он таъмини саривақтии иттилоот ба ҷомеа ва шаффофияти он маҳсуб меёбад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520