13 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммади Хотамӣ сӯҳбати телефонӣ дошт.
Сарони ду кишвар масоили вазъи имрӯза ва дурнамои рушду густариши равобити дуҷонибаро баррасӣ намуда, тавсеаи ҳарчи бештари онҳоро амри зарурӣ арзёбӣ намуданд.
Ҳарду ҷониб оид ба масъалаи суръат бахшидани сохтмони нақби Анзоб ва Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда - 2" ибрози назар карда, таъкид намуданд, ки бунёди ин объектҳои муҳим натиҷаи барҷастаи ҳамкориҳои муваффақонаи ду кишвар хоҳад шуд.