Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз ширкатҳои оламшумули Самсунг Электроникс ва ДЭУ

23.05.2005 18:00, Корея

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳонаш нимаи дуюми рӯзи 23-уми май ба ширкати оламшумули Самсунг Электроникс омада, бо роҳбарият ва мутахассисони он вохӯрӣ намуданд.

Дар мулоқот аз он изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки робитаҳои соҳибкорони Тоҷикистону Корея зина ба зина беҳтару қавитар мегардад.

Баъди шиносоӣ бо технология ва маҳсулоти навтарини ширкат ҷонибҳо мавриди таъсису ба роҳ мондани корхонаҳои муштараки истеҳсолкунандаи қисмҳои эҳтиётӣ, воситаҳои электротехникию маишӣ дар заминаи корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу пешниҳодоти ҷолиб изҳор доштанд. Мутахассисони ҳарду тараф дигар имкониятҳои мавҷудаи ҳамкориро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи барномаи сафар ба Ҷумҳурии Корея шоми рӯзи 23-юми май бо роҳбарият, мутахассисони ширкати овозадори ДЭУ, инчунин намояндагони доираҳои соҳибкории Корея мулоқот кард.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои мусоиди ҳуқуқӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ, ҳамкорӣ бо сектори хусусӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак тадбирҳои амиқ андешида шудааст, - гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520