Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Форуми ҷаҳонии "Ислоҳоти сохтори давлатӣ"

24.05.2005 11:00, Корея

24 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми ҷаҳонии "Ислоҳоти сохтори давлатӣ" иштирок ва суханронӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Форуми мӯътабари Сеулро идомаи муколамаи қаблан оғозшудаи кишварҳои сатҳи мухталифи рушд ва нерӯи иқтисодӣ арзёбӣ кард, ки ҳадафи он ҳамоҳангӣ ва ҳамгироии амалҳои ин кишварҳо ба манзури коҳиши тафовут дар рушди иқтисодӣ-иҷтимоии кишварҳои мухталиф ва таъмини шароити беҳтари зиндагӣ барои тамоми инсоният аст.

Ба андешаи Сарвари давлати Тоҷикистон амиқшавии нобаробарии кишварҳо, зуҳур ва шиддати таҳдидҳо ва хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир таҳти таъсири рӯзафзуни равандҳои глобализатсионӣ ҳам кишварҳои ҷудогона ва ҳам ҷомеаи ҷаҳониро торафт бештар ба иқдомоти бузурги ислоҳӣ дар сиёсати худ ба хотири мутобиқшавӣ ба шароити навин водор месозад.

"Бо назардошти он, ки соли 1999 бо мусоидати Бонки ҷаҳонӣ барномаи панҷсолаи ислоҳоти идораи давлатӣ тасдиқ гардид, арзёбии ҷиҳати мухталифи он аз ҷониби Бунёди байналмилалии Арз, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, Бонки Осиё ва Бонки исломии рушд барои такмил ва таъйини самтҳои нави ислоҳот мусоидат намуд",- ёдовар шуд Сарвари давлати Тоҷикистон.

Ба манзури ратсионализатсияи сохтори ташкилии идораи давлатӣ ва таъсири фаъоли он дар шароити бозорӣ, боло бурдани сифати хадамоти давлатӣ, рушди бахши хусусӣ ва беҳсозии вазъи маблағгузорӣ дар моҳи феврали соли равон нақшаи чорабиниҳо доир ба ислоҳоти системаи идораи давлатӣ тасдиқ гардид.

Дар ҳоли ҳозир феҳристи иқдомоту чорабиниҳои мушаххас барои иҷрои нақшаи мазкур таҳия мегардад; матни нави қонун "Дар бораи хидмати давлатӣ" омода мешавад; иқдомоти зарурӣ барои эҷоди "ҳукумати электронӣ" ва чорабиниҳои дигар амалӣ мешавад. Ҳадафи ниҳоии ин ислоҳот дастёбӣ ба Ҳадафҳои Ҳазорсола дар Тоҷикистон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуд, ки Форуми ҷаҳонии Сеул дар таҷрибаи ҷаҳонии ҳалли масоили рушд татбиқи шоистаи худро хоҳад ёфт.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тариқи 9 забони дунё мустақиман тарҷума гардида, тавассути бештар аз 110 намояндагиҳои расонаҳои хабарии дунё интишор ёфт.

Дар форуми ҷаҳонии Сеул вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳаким Солиев доир ба мавзӯи "Таҷдиди сохторӣ баҳри сифатнокии идора" маърӯза кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520