Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Арабистони Саудӣ Алӣ ибни Муҳаммад ал-Хамдон

06.06.2005 10:00, шаҳри Душанбе

6 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Арабистони Саудӣ Алӣ ибни Муҳаммад ал-Хамдон эътимоднома қабул кард.

Баъди анҷоми маросими расмии эътимодномасупорӣ ҷонибҳо доир ба муҳимтарин  масъалаҳои ҳамкорӣ, ба хусус робитаҳои иқтисодию тиҷоратии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мубодилаи афкори судманд намуданд.

Арабистони Саудӣ аз ҷумлаи мамолики пешрафтаи  араб аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он равобити муназзам ва судманди сиёсӣ дорад, тазаккур дода шуд дар мулоқот.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дипломати араб Алӣ ибни Муҳаммад ал-Хамдон бо назардошти возеҳии тамоюлот ва таҳаввулоти мусбат, талошҳои муштарак ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ҳалли бӯҳрону низоъҳои минтақавӣ, таваҷҷӯҳ ба ҳалли мушкилоти умумибашарӣ, зарурати вусъати муборизаи муштарак бо таҳдидҳо ва хатарҳои глобалиро  махсус таъкид намуданд.

Дар сӯҳбат ба масъалаи раванди иқтисодии Афғонистон ва як қатор масъалаҳои дорои аҳамияти минтақавию ҷаҳонӣ мароқ зоҳир карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520