Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005"

07.06.2005 09:00, шаҳри Душанбе

7 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005"-ро ба имзо расонд.

Дар паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавриди дастгирию ҳавасмандии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ба хусус дар соҳаи чорводорӣ  махсус таваҷҷӯҳ намуда, онро омили муҳимми рушди  ҷомеа арзёбӣ кард.

Қонуни мазкур бо мақсади дастгирию ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагони  маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан дар соҳаи чорводорӣ, самаранок истифода бурдани чарогоҳ ва алафзорҳо таҳия ва қабул гардидааст. Тибқи он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005", қисми 2 мазмуни зайл илова гардидааст:

"Дар соли 2005 меъёри андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ нисбати заминҳое, ки ба заминҳои кишти лалмӣ, дарахтзорҳои бисёрсолаи  лалмӣ, чарогоҳ ва алафзорҳо тааллуқ доранд, баробари меъёри яккаратаи андози замин  муқаррар карда шавад".

Яъне акнун барои ҳар як гектар заминҳои дар боло номбаршуда дар як сол 4-сомонӣ андоз ситонида мешавад.

Бешубҳа ин иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз талошҳои  пайгиронаи  Сарвари давлат бобати дастгирии кишоварзони  мамлакат, таваҷҷӯҳи рӯзафзун ба инкишофи ин соҳаи муҳимму пешбарандаи  ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ шаҳодат медиҳад ва татбиқи амалии қонуни мазкур натиҷаҳои самарабахш ба бор хоҳад овард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520