Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Маҷористон дар Тоҷикистон Миклош Ятскович

08.06.2005 11:00, шаҳри Душанбе

8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Маҷористон дар Тоҷикистон Миклош Ятсковичро бинобар анҷом ёфтани иҷрои вазифааш дар ин мансаб ба ҳузур пазируфт.

Сардори Давлат аз Сафири Маҷористон барои саъю кӯшишаш бобати рушди муносибатҳои Тоҷикистону Маҷористон тайи солҳои дар Тоҷикистон буданаш изҳори миннатдорӣ кард.

Тарафҳо бо камоли қаноатмандӣ қайд намуданд, ки  байни ҳарду мамлакат муносибатҳои дӯстӣ, анъанавӣ ва ҳамкории самарабахш густариш меёбанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки Тоҷикистон мехоҳад робитаҳои муфидро бо Ҷумҳурии Маҷористон ривоҷу таҳким бахшад. Қайд шуд, ки имрӯз муомилоти савдои берунии байни Тоҷикистону Маҷористон аз 30 то 80 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Тарафҳо изҳори ақида намуданд, ки ин ҳадди имкониятҳои ду кишвар барои рушди савдои муфид, мубодилаи амвол ва татбиқи онҳо нест.

Тарафҳо дар бораи ривоҷи  робитаҳои  иқтисодӣ сухан ронда,  барқарор намудани  робитаҳои шахсии байни  тоҷирони ҳар ду кишвар ва ба ин  муносибат доир намудани мулоқотҳои  тоҷиронро ба мақсад мувофиқ донистанд.

Тарафҳо ҳамчунин дар бораи проблемаҳои  сиёсию иқтисодии дорои хусусияти минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд. Дипломати Маҷористон зикр намуд, ки Маҷористон ҳамчун узви фаъоли Иттиҳоди Аврупо робитаҳои Тоҷикистонро бо Иттиҳоди Аврупо пурра дастгирӣ менамояд. "Мо моҳи октябри соли гузашта аз тарафи Тоҷикистон имзо шудани Созишномаи  ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупоро маъқул медонем, зеро ин имконияти нави рушди муносибатҳои дуҷонибаи  на фақат байни  мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди  Аврупо, балки  байни Маҷористону Тоҷикистонро низ фароҳам меорад", - гуфт Миклош Ятскович.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520