Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози расмии сохтмони пули миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

18.06.2005 16:00, Афғонистон

18 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба оғози расмии сохтмони пули миёни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба бандари Шерхони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон омад.

Сарвари давлати Тоҷикистонро Сафири Фавқулодда ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғнистон Фарҳод Маҳкамов, консули Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Мазори Шарифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Неъматулло Имомов ва дигар ашхоси расмӣ истиқбол гирифтанд.

Бо мақсади иштирок дар ин тадбири муҳим Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай низ ба Бандари Шерхон омада буд.

Сарони ду кишвари дӯсту ҳамсояро волии вилояти Қундӯз инженер Умар  хайра мақдам гуфта, оғози сохтмони ин  шаҳпули дӯстию ҳамсоягиро  омили пешрафту идомаи  мантиқии талошу созандагиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ва ниятҳои неку башардӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  арзёбӣ кард.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зулмай Халилзод гуфт, ки Амрико аз саҳмгузорӣ дар бунёди купруки азими миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ифтихорманд аст, зеро ин иқдом ба манфиати рушди ҳамкориҳои минтақавӣ аст ва ба таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратии мамолики минтақа таъсири мусбат хоҳад расонид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ диққати ҳозиринро ба афзалиятҳои шоҳпули "Панҷи  Поён - Шерхон-Бандар" ҷалб намуд. Ба андешаи Сарвари давлати Тоҷикистон роҳи асосию ягонаи ҳалли мушкилоти Афғонистони азияткашида тавлиди ҷойҳои нави корӣ, ривоҷи ҳамкориҳои бисёрҷониба, ба роҳ мондани  истифодаи захираҳои энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамин замина интиқоли нерӯи барқи арзон, шодобгардонии майдонҳои ташналабу тавсеаи соҳаи кишоварзӣ мебошад.

"Дарозии купруки мазкур 672 метр ва паҳнои он 11 метр буда, тавассути он дар як шабонарӯз бештар аз 1000 воситаҳои нақлиёт метавонанд равуо кунанд.             Ин иқдом ба тавлиди марказҳои бузурги тиҷорати озод, василаҳои муосири терминалҳои байналмилалӣ ва афзоиши гардиши мол мусоидат менамояд",- гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай бо ёдоварӣ аз ашъори  Абӯабдуллоҳи Рудакӣ тазаккур дод, ки шаҳпули  нави дӯстӣ рафтуомаду додугирифт ва муносибатҳои неку ояндадори ҳамсоягии ду кишвари дорои манофеъи муштаракро қавитару пурсамар мегардонад.

Сипас маросими расмии гузоштани Санги асос ба сохтмони купруки таърихӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ва Сафири ИМА дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳори умеду боварии амиқ намуданд, ки охири соли оянда ин иқдоми наҷиб комилан амалӣ гардида, ба пешрафти некӯаҳволии мардуми минтақа вусъат хоҳад бахшид.

Дар мавзеи Панҷи Поён низ ҳазорҳо сокинони вилояти Хатлон, намояндагони давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ ва корпуси дипломатии муқими Душанбе ҷамъ омада буданд, то ки шоҳиди лаҳзаҳои таърихию фаромӯшнопазири оғози сохтмони  азими асри навин гарданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихору шарафмандии бузург бунёди  чорумин шаҳпули дустӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро омили самаровари густариши тиҷоратии назди сарҳадӣ, баромади бемалол ба бандарҳои муҳимми баҳрҳои гарм, пайванди ногусастании мамолики Шарқу Ғарб маънидод кард.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай изҳор дошт, ки ин тадбир саривақтию ҷавобгӯи талошу хоҳишҳои сокинони ду мамлакати бародару ҳамсоя мебошад.

Мавриди зикр аст, ки сохтмони пул бо мусоидати  дӯстонаи молӣ ва техникии ИМА, ки он асосан аз грант иборат буда, маблағи умумии он 30 миллион доллар аст, ҷараён мегирад.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ричард Хоугленд номаи шодбошии Президенти ИМА Ҷорҷ Бушро, ки унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати гузошта шудани Санги аввали сохтмони купрук дар болои дарёи Панҷ ирсол гардидааст, қироат намуд. Дар он аз ҷумла омадааст, ки ИМА ба вусъати ҳамкориҳо бо Тоҷикистону Афғонистон дар талошу саҳмгириҳо барои шукуфоӣ ва осоиш умеди комил дорад. Ин лоиҳа унсури асосии бунёди купрукест, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамсояро бо Осиёи Ҷанубӣ ва уқёнуси Ҳинд пайванд хоҳанд кард.

Воқеан, ба бунёди иншооти мазкур ва навсозии роҳҳои шимоли Афғонистон робитаҳои нақлиёти мамолики минтақа қавӣ гардида, ин шаҳпул аҳамияти беназири сиёсию геостратегӣ ва иқтисодию коммуникатсионӣ дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай дар Бандари Шерхон ва Панҷи Поён дар маросими ифтитоҳи  нуқтаҳои нави  назорати гумрукӣ ширкат варзида, баҳри мукаммалгардонии васоити техникии он ба масъулини ҳарду тараф дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Баъди анҷоми тантанаҳои идона ба ифтихори оғози сохтмони пули миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ҷиҳати идомаи мулоқот аз вилояти Хатлон ба Душанбе омаданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520