24 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи беруназшаҳрии худ, воқеъ дар дараи Варзоб, вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Ивановро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо бо ифодаи ҳамфикрии амиқ созишномаҳои моҳи октябри соли 2004 дар ҷараёни сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олӣ ба имзорасидаро заминаи боварибахши ҳамкориҳои ду мамлакати дӯсту бародар арзёбӣ карданд.
Тавре таъкид гашт, таъсиси базаи ҳарбии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази соқитшавии қарзҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри Федератсияи Россия супоридани шабакаи оптикӣ-электронии "Норак", аз ҳисоби буҷети Федератсияи Россия дар заминаи макотиби олии ҳарбии ин кишвар тайёр намудани кадрҳои соҳибихтисос барои қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тадбирҳои муваффақонаи ҳарду тараф мебошанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ба дигар масъалаҳои ҳамкорӣ, авзои минтақа ва ҷаҳон, вусъати муборизаҳои муштараки байналмилалӣ бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир мароқ зоҳир карда шуд.