Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон бо медали тиллоии "Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти миёни халқҳо" мушарраф гардид

25.06.2005 10:00, шаҳри Душанбе

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи рӯзи Ваҳдати миллӣ барои талошҳои беназиру хизматҳои пурарзиш баҳри истиқрори сулҳу осоиш на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар кулли мамолики минтақа аз ҷониби Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият бо медали тиллоии "Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти миёни  халқҳо" мушарраф гардид.

Федератсияи сулҳу ризоият ҳанӯз соли 1949 аз ҷониби арбобони ҷамъиятию сиёсӣ ва олимони забардасти шӯравӣ ташкил шудааст ва он қаблан бо номи Кумитаи ҳифзи сулҳ муаррифӣ мешуд.

Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият алҳол аз бонуфузтарин ташкилоти ҷаҳонӣ буда, миёни мамолики узви ИДМ, Балтика ва кишварҳои дуру наздики сайёра мавқеи хос дорад.

Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият дорои мақоми машваратчии назди Шӯрои иқтисодию иҷтимоии СММ ва иштирокчии Шӯрои Аврупо мебошад.

Раиси Федератсия Владимир Федосов қабл аз супоридани медали тилло таъкид кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қатори чеҳраҳои шинохта ва сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ барои саҳми бузурги шахсӣ ва эътирофи васеи байналмилалии таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон ба рӯйхати ифтихории Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият ворид карда шуд.

-Воқеан, маҳз бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёна ва тадбирҳои  дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  авҷи низои дохилӣ дар муддати хеле кӯтоҳ пешгирӣ шуда, манфиатҳои умумидавлатию миллӣ, якпорчагии сарзамин ва амнияту осоиши минтақа ҳифз гардид.

Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон аз ҷониби созмону ташкилотҳои ҷаҳонӣ намунаи  беҳтарини омӯзиш барои мамолики гирифтори  низоъ эътироф шуд.

Дар ҳузури  намояндагони аҳли илму адаби Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият Владимир Федосов медали тиллоии  "Барои таҳкими  сулҳу ризоияти байни халқҳо"-ро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  тақдим намуда,  Сарвари давлати Тоҷикистонро бо ин  мукофоти олии байналмилалӣ шодбош гуфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори сипос ба Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият ин мукофоти олиро натиҷаи  талошу заҳматҳои кулли  мардуми Тоҷикистон, сиёсатмадорону зиёиёни пурифтихору шарафманди сарзамин маънидод кард.

Бешубҳа дар арафаи таҷлили 8-умин солгарди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва  созгории миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикитон ба медали тиллоии "Барои таҳкими сулҳу ва ризоияти байни халқҳо" мушарраф гардидани  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  боз як дастоварди таърихии сиёсати  башардӯстонаи халқу давлати Тоҷикистон аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520