Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Россия Сергей Шойгу

28.06.2005 11:00, шаҳри Душанбе

28 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Россия Сергей Шойгуро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, вусъати фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ, роҳҳои наву самарабахши рушди муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ривоҷу равнақи ҳамкориҳои  ҳарду тараф баҳои баланд дода, афзуд, ки ҷалби мутахассисони  Федератсияи Россия дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии "Сагтӯда-1" ва "Роғун" самараҳои нек ба бор хоҳанд овард ва ба ин раванд имзои созишномаҳои ҳамкорӣ ва сафарҳои ҷавобии сарони ҳарду давлат заминаи боэътимод гузоштаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ аз густариши  робитаҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия тазаккур дод, ки баъди имзои созишномаҳои муҳимми ҳамкорӣ аснои сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2004 баимзорасида дар муносиботи дуҷонибаи  кишварҳоямон марҳилаи бобарору серҷабҳа оғоз ёфт.

Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Россия Сергей Шойгу афзуд, ки рушди ҳамкориҳои маваффақонаи  дуҷониба аз хоҳишу талаботи мардумони ҳарду мамлакати дӯсту бародар сарчашма мегирад ва омодагии комили хешро ҷиҳати  саҳмгирии амиқ бобати боз ҳам вусъат бахшидани  равобити иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Россия таъкид кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520