Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

08.07.2005 14:00, шаҳри Душанбе

7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Ғуломов ва Хайриниссо Мавлонова, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров, Раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов, мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат доир намуд.

Дар машварат масъалаҳои вобаста ба натиҷаи сафари кории Сарвари давлати Тоҷикистон ба шаҳри Остона, мулоқоту вохӯриҳо бо Сарони давлатҳо ва дигар роҳбарони баландмақоми узви Созмони Ҳамкории Шанхай, самаранокии фаъолияти комиссияҳои байниҳукуматӣ ва ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли равон дар бахшҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат баррасӣ ва муҳокима шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои татбиқи амалии Созишномаҳои аз ҷониби сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Остона имзошуда ва мувофиқаҳои аснои мулоқоту вохӯриҳои дуҷониба баён гардида нақшаи корӣ созмон дода, тартиб ва мӯҳлати иҷрои онҳоро муайян созанд.

"Танҳо Ҷумҳурии Мардумии Чин барои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии мамлакатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай 900 миллион доллари Амрико ҷудо менамояд, ки истифодаи мақсадноки онҳо омили муҳимми рушди минтақавӣ мебошад.

Ҳамзамон Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ифодаи тақвияти ҳамкориҳои эътимодбахш барои Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 миллион юан ёрии бебозгашти молиявӣ ҷудо менамояд", - гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат масъулинро бобати пешниҳоди лоиҳаҳои сохтмонҳои азиму стратегӣ бо назардошти аҳамияти умумиҷумҳуриявию минтақавии онҳо, аз ҷумла роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд, роҳи зеризаминӣ тавассути ағбаи Шар-Шар, роҳи автомобилгарди Душанбе-Ваҳдат-Нуробод-Саритош ва силсилаи нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқию обӣ ба таври қатъӣ вазифадор намуд.

Ҳангоми баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи кории машварат оид ба натиҷаҳои нимсолаи аввали соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки тамоми барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, иншоотҳои муштарак дорои аҳамияти стратегӣ буда, ҳадафи ниҳоии онҳо рушди ҳамкориҳои минтақавӣ мебошад. Алҳол барои таъмиру таҷдиди роҳҳои мошингард бо ҷалби институтҳои молиявӣ 11 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи 120 миллион доллари амрико амалӣ шуда истодааст.

Дар заминаи созишномаҳои байниҳукуматӣ бо Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ояндаи наздик нерӯгоҳҳои "Сангтӯда-1", "Сангтӯда-2", "Роғун" мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт, ки ба таъмини аҳолии минтақа бо нерӯи барқ мусоидат менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати анҷоми муваффақонаи сохмтони нерӯгоҳи "Помир-1" то моҳи ноябри соли 2005, роҳи зеризаминии Ағбаи Анзоб то моҳи марти соли 2006, таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа- Кӯлоб, марҳилаи аввали сохтмони роҳи Шоҳон -Зиғар, Шкев-Зиғар дар соли равон супоришҳои мушаххас дод.

Дар машварат ҳамзамон масъулин дар мавриди беҳдошти шароитҳои кишоварзон, додани карзҳои хурд ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар шаклҳои нави хоҷагидорӣ, рушди соҳаи боғу токпарварӣ, афзоиши содироти меваю сабзавот ба хориҷи кишвар, фароҳам овардани имкониятҳои озоди равнақи соҳибкории хурду миёна, инчунин омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2005-2006 дастурҳои мушаххас гирифтанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520