12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ба муносибати ба мансаби олии сарвари Қирғизистон интихоб шуданаш барқияи табрикотӣ ирсол намуд.
"Тоҷикистон ба муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, ки на фақат ба манфиатҳои миллии ҳар ду мамлакат мувофиқ аст, балки омили муҳимми сулҳу суботи минтақа низ мебошанд, баҳои баланд медиҳад. Мо азму иродаи қавӣ дорем, ки ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро ба хотири шукуфоии мамлакатҳо ва беҳбудии халқҳоямон минбаъд ҳам мустаҳкам намоем.
Аминам, ки ҳамкории бисёрҷонибаи зичи Тоҷикистону Қирғизистон дар заминаи принсипҳои баробарҳуқуқуқӣ, эҳтироми ҳамдигар ва ба назар гирифтани манфиатҳои ҳар ду давлат боз ҳам ривоҷ меёбад.
Иҷозат диҳед, ба Шумо, мӯҳтарам Қурмонбек Солиевич, тансиҳатӣ ва муваффақиятҳо дар иҷрои кор ва ба халқи қирғизи бародар сулҳу шукуфоӣ орзу намоям" - гуфта мешавад дар барқия.