Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазири бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммади Шариатмадорӣ

13.07.2005 16:00, шаҳри Душанбе

13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон, вазири бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммади Шариатмадорӣ мулоқот кард.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳамоҳангсозии кори Комиссияи муштараки ҳамкории Тоҷикистон ва Эронро баррасӣ намуда, густариш ва таҳкими ҳамаҷонибаи равобит ва ҳамкории байни кишварҳоро аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон арзёбӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки равобити наздик ва ҳамкории васеи сатҳи имрӯза тақозои табиии кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг ва манфиатҳои асосан муштараки минтақавӣ ва байналмилалии мост.

Дар мулоқот қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад дар татбиқи барномаи сохтмони нерӯгоҳҳои кӯчак ва миёна, навсозии шабакаҳои барқӣ, сохтмони корхонаҳои тавлиди маснуоти барқӣ ва умуман тақвияти нерӯи барқии Тоҷикистон мусоидати дӯстона намояд, ки на фақат барои Тоҷикистон, балки барои ҳамаи кишварҳои минтақа бахусус, Афғонистони ҷангзада аҳамияти ҳаётӣ хоҳад дошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520