Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, Раиси Созмони тарбияи бадани ҶИЭ Мӯҳсин Меҳрализода

15.07.2005 11:00, шаҳри Душанбе

15 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, Раиси Созмони тарбияи бадани ҶИЭ Мӯҳсин Меҳрализода мулоқот кард.

"Ба андешаи ман,- изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, - равобити наздики дӯстона ва ҳамкории ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон ин тақозои табиии сарнавишти таърихӣ, муштаракот ва пайвандҳои зиёди мо, рӯҳи ниёгони бузургамон, иродаи халқҳои ҳарду кишвари бародар аст".         

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки бояд барномаи амалии ҳамкории ду кишварро дар соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ таҳия ва татбиқ намоем, ки ҳам ба нафъи солимии бадан ва рӯҳи миллатҳои мост ва ҳам барои тарбияи варзишгарони касбии сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидати фаъол хоҳад намуд.

Ҷонибҳо ба тавсеа ва рушди соҳаҳои имрӯзӣ ва маъмули варзиши ҷаҳонӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.

Дар мулоқот ба масъалаи сулҳу субот, амният ва ҳамкории васеи минтақавӣ низ дахл карда, ҳарду ҷониб ҳамкории васеи минтақавиро омили ниҳоят муҳимми таъмин ва тақвияти субот дар минтақа донистанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520