Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

18.07.2005 14:00, шаҳри Душанбе

18 июл таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машварат баргузор гардид.

Дар машварат нахуст масъалаи бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархори вилояти Хатлон баррасӣ шуд.

Тавре дар гузориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Ғуломов таъкид гардид, бар асари ҳодисаҳои табиӣ дар шаҳри Панҷакент хонаҳои бештар аз 400 оила зарар дида буданд ва дар муддати кӯтоҳ 168 хона барқарор шуда, бунёди 109 хонаи истиқоматӣ дар арафаи анҷомёбист.

Бо мақсади рафъи ҳарчи зудтари оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Панҷакент 1 миллиону 340 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба комиссияи ҳукуматӣ баҳри истифодаи дуруст ва бемамониати маблағҳо ва дар ҳамдастӣ бо ширкату идораҳои сохтмонии қаламрави вилояти Суғд то 15 августи соли равон бунёд намудани як мактаб барои 320 талаба ва барои то 15 ноябри соли 2005 ҷо ба ҷо намудани кулли оилаҳои зарардида супоришҳои мушаххас дод.

Дар машварат тазаккур дода шуд, ки дар натиҷаи офатҳои табиии 20 июн ва 7 июли соли равон дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархори вилояти Хатлон 88 хона комилан ва 94 манзили истиқоматӣ қисман хароб гардидаанд. Алҳол дар ҷои ҳодиса қариб 250 адад техникаҳои муқтадир ва масъулини вазорату идораҳои дахлдор пайи бартараф намудани оқибатҳои офат қарор доранд. Сабаби асосии сар задани ҳодиса аксаран дар мавзеҳои селпарто ҷойгир шудани хонаҳои истиқоматӣ мебошад.

Дар машварат инчунин масъалаи омодагӣ ба Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи мамлакат дар нимаи аввали соли равон баррасӣ шуд.

Дар хатми машварат Сарвари давлат бо таваҷҷӯҳи хос ба масъалаҳои вобаста ба омодагии сохторҳои марбута ба тирамоҳу зимистони дарпешистода, таъмиру навсозӣ ва таҷҳизонидани мактабҳо, омодагӣ ба соли нави таҳсил, пардохти саривақтии маошу нафақа, татбиқи амалии лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ, додани қарзҳои хурду имтиёзнок ба шаклҳои нави хоҷагидорӣ, таъмини кишоварзон бо маводи сӯхт ва техникаи кишоварзӣ супоришҳои қатъӣ дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520