Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

19.07.2005 10:00, шаҳри Душанбе

19 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармонро "Дар бораи таъсис додани стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо" имзо кард,

Мувофиқи Фармони мазкур аз 1 ноябри соли 2005 сар карда, 300 стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо, ки бо баҳои аъло таҳсил ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд, таъсис дода мешавад.

Стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 60 (шаст) сомонӣ муқаррар гардида, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520