Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи Бунёди байналмилалии нависандагон ва рӯзноманигорони Ҷумҳурии Туркия сарфароз гардид

28.07.2005 19:00

28 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи Бунёди байналмилалии нависандагон ва рӯзноманигорони Ҷумҳурии Туркия сарфароз гардид.

Бунёди байналмилалии нависандагон ва рӯзноманигорони Ҷумҳурии Туркия бо мақсади мусоидат дар барқарорсозӣ ва бунёди сулҳи комил дар Туркия ва дигар мамлакатҳо таъсис ёфта, олимон, нависандагон, сиёсатмадорони зиёдеро дар сафи худ муттаҳид намудааст.

Бунёди мазкур то имрӯз ба чанд нафар адибону сиёсатмадорони арсаи ҷаҳонӣ барои пойдории сулҳ дар сайёра, рушди муносибатҳои дӯстона байни халқҳову давлатҳо ҷоизаҳои худро тақдим намудааст.

Дар маросими супоридани ҷоизаи Бунёди байналмилалии нависандагон ва рӯзноманигорон раиси бунёди мазкур Харун Токак оид ба саҳми бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушди муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳо, нигоҳдории истиқлолият, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёди давлати тоҷикон, аз байн бурдани ҷанги шаҳрвандӣ, таъмин намудани ваҳдати миллӣ, рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо минтақа ва ҷаҳон, мубориза бар зидди амалҳои терроризм, экстремизм ва талошҳояш дар шукуфоии диёр ва умуман ҳалли проблемаву масъалаҳои глобалии сайёра сухан карда, нақши ин сиёсатмадори арсаи ҷаҳониро на танҳо дар барқарорсозии сулҳи комил дар Тоҷикистон, балки дар арсаи байналмилалӣ нек арзёбӣ кард.

Зикр гардид, ки ин талошҳои пайгиронаи Сарвари давлати Тоҷикистонро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои фарҳангию сиёсӣ бо давлати Туркия самимона пазироӣ менамоем.

Баъди суханронӣ Раиси Бунёди байналмилалии нависандагон ва рӯзноманигорони Ҷумҳурии Туркия Харун Токак ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллифи сулҳи бебозгашти тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ҷоизаи бунёди сулҳро тақдим кард.

Баъди маросими расмии супоридани ҷоизаи сулҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сармуҳаррири маҷаллаи "Да" Эркан Туфонайтов ҳамсӯҳбат шуд.

Аснои мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори сулҳу субот, ҳамдастию ҳамдигарфаҳмӣ ва оромии сайёра буда, чун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ваҳдату якпорчагӣ, дӯстии халқҳову миллатҳои рӯи замин талош меварзад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520