Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдулазиз Оли Сауд

06.08.2005 10:00, шаҳри Душанбе

6 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдулазиз Оли Сауд барқияи шодбошӣ фиристод, ки дар он гуфта мешавад:

"Сарфарозам аз он, ки ба муносибати Подшоҳи Арабистони Саудӣ эълон шуданатон ба Шумо, Аълоҳазрат табрику таҳнияти самимии хешро ирсол медорам.

Мулоқотҳои чандинкарата ва босамараамонро ёдовар шуда, изҳори итминон менамоям, ки равобити ҳасанаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар аҳди Шумо такон ва нумӯи тоза касб хоҳад кард.

Ба Аълоҳазрат умри тӯлонӣ, саломатии қавӣ ва ба мардуми дӯсти Арабистони Саудӣ сулҳу сафо ва хушрӯзӣ таманно дорам".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520