10 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар парламенти Шоҳигарии Таиланд бо раиси Сенат ва кулли раисони Кумитаҳои органи олии қонунбарори ин мамлакат мулоқот кард.
Дар ҷараёни сӯҳбати озоду самимӣ маҷмӯи фарохи масъалаҳои ҳамкории байнипарламентӣ, табодули сафарҳои ҳайатҳои парламентӣ, ташкили гурӯҳҳои дӯстӣ ва таҳкими муносиботи дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки органи олии қонунбарори Шоҳигарии Таиланд Ассамблеяи миллӣ ном дошта, аз ду палата иборат мебошад. Палатаи намояндагон 500 вакилро муттаҳид менамояд, ки ба мӯҳлати 4 сол интихоб мешаванд. Сенат бошад 200 нафарро ташкил медиҳад, ки онҳо аз ҷониби Шоҳ Пумипон Адунядед таъин шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз толори маҷлиси Сенат низ дидан кард.