Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Парвиз Мушарраф

14.08.2005 09:00, шаҳри Душанбе

14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Парвиз Мушарраф барқияи шодбошӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

"Ба муносибати фаро расидани солгарди ҷашни Истиқлоли Ҷумҳурии Исломии Покистон Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Покистонро самимона табрик мегӯям.

Тайи солҳои охир равобит ва ҳамкории ду кишвар хислати муназзам ва нисбатан васеъ касб кард, ки бешак ба манфиати халқҳо ва кишварҳои мост ва ҳамзамон ба вазъи минтақа таъсири мусбат ва созанда дошт.

Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш изҳори умед менамоям, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои мухталиф дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар рушду густариши пайгир хоҳанд ёфт. Ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими ҳар чӣ бештари ин муносибатҳо, ки омили муҳимми таъмини сулҳу субот ва ҳамкории созанда дар минтақа мебошанд, саъю кӯшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод. 

Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комилу муваффақият ва ба мардуми кишвари дӯсти Покистон шукуфоиву саодати зиндагиро хоҳонам".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520