Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Доктор Авул Пакир Ҷайнулабдин Абул Калом

15.08.2005 09:00, шаҳри Душанбе

15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Доктор Авул Пакир Ҷайнулабдин Абул Калом барқияи шодбошӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

"Сарфарозам, ки Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Ҳиндустонро ба муносибати фаро расидани солгарди ҷашни бузурги Истиқлол самимона табрик ва таҳният менамоям.

Тоҷикистон ба сатҳи имрӯзаи равобит ва муносибатҳои анъанавии дӯстонаи ҳар ду кишвар баҳои баланд дода, ҷонибдори таҳкиму густариши ҳарчи бештари онҳо мебошад.

Итминони комил дорам, ки Тоҷикистону Ҳиндустон метавонанд дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёту фарҳанг, технологияву иттилоот ва арсаҳои дигар ҳамкории васеъ ва бунёдиро рушди пайгир диҳанд, ки бешак ба нафъи ҳар ду кишвари дӯст, субот ва амният дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аст. Мо барои дастёбӣ ба ин ҳадаф тамоми талошу кӯшишро ба харҷ хоҳем дод.

Ба Ҷаноби Олӣ хушбахтиву сиҳатмандӣ ва ба мардуми дӯсти Ҳиндустон комгорӣ ва саодатро хоҳонам".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520