Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Сусило Бамбанг Юдхойоно

17.08.2005 09:00, шаҳри Душанбе

17 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Индонезия Сусило Бамбанг Юдхойоно  барқияи шодбош фиристод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

"Ҷаноби аълоҳазрат, Шумо ва тамоми халқи Индонезияро ба муносибати Иди миллии мамлакататон - Рӯзи эълони истиқлолияти Ҷумҳурии Индонезия самимона табрик менамоям.

Тоҷикистон бо мамлакати зебои Шумо таҷрибаи калони ҳамкорӣ дорад ва ба равнақу ривоҷи муносибатҳои давлатҳоямон манфиатдор буда, тайёр аст, ки барои вусъати муносибатҳо ва ҳамкории мутақобилан муфиди Тоҷикистону Индоезия кӯшиш ба харҷ диҳад.

Аз ин фурсати мусоид истифода бурда, ба Шумо, ҷаноби Президент, саломатӣ, барори кор ва ба халқи бо мо дӯсти Индонезия сулҳу ободӣ ва рӯзгори фараҳмандона орзу менамоям".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520