Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон

19.08.2005 11:00

19 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон омад. Сарвари давлатро Раиси вилояти Хатлон Амиршо Миралиев, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, фаъолони ноҳияи Фархор ва собиқадорони ҷангу меҳнат истиқбол гирифтанд.

Аснои мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи гарму самимӣ ба сокинони ноҳия изҳори сипос намуда, аз шароити иҷтимоии собиқадорони ҷангу меҳнат, аз кӯмаку ғамхориҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир карда мешавад, пурсон шуд.

Сардори давлат зикр намуд, ки сипосгузорӣ ва иззату эҳтиром нисбат ба калонсолон, барҷомондагон аз ниёгонамон сарчашма гирифта, яке аз анъанаҳои башардӯстонаи миллии мардуми тоҷик маҳсуб меёбад ва сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин самт равона гардидааст.

Сарвари давлат ҳамчунин зикр намуд, ки мақсади сафар ба ин минтақа шиносоӣ бо рафти татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷро шудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазъи соҳаи пахтакорӣ, мактабу маориф ва дарёфти роҳҳои нави рушди ин соҳаҳо мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин сафар дар хонаи собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Тошон Усмонов меҳмон шуд.

Сарвари давлат ҳангоми ташриф ба хонаи Тошон Усмонов аз ҳолу аҳвол ва шароити иҷтимоии ӯ пурсон шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳдошти вазъи зиндагии пиронсолон, собиқадорони ҷангу меҳнат равона гардида, барои ба онҳо ғамхорӣ намудан тамоми тадбирҳо амалӣ мегарданд. Аҳли оилаи Тошон Усмонов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ташриф намуданаш сипосгузорӣ намуданд.

Баъд аз мулоқот бо собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Замин - Текстил" дидан карда, бо шароити кору фаъолияти ин корхонаи саноатии ноҳияи Фархор аз наздик шинос шуд. Корхонаи мазкур соли 1995 таъсис дода шуда, дар он 220 нафар кор мекунанд. Аз ин шумора 90 фоизи онҳоро духтарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Танҳо дар 7 моҳи соли 2005-ум корхонаи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Замин - Текстил" ба буҷаи давлат 354 ҳазору 300 сомонӣ маблағ ворид кардааст. Маҳсулоти асосие, ки корхона аз ашёи дохилӣ, яъне пахта истеҳсол менамояд - нахи пахта мебошад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ 50 тоннаро ташкил медиҳад, ки 90 фоизи он барои содирот ба хориҷи мамлакат бароварда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо коргарони корхона аз шароити кору ҳавасамандии онҳо пурсон шуда, ба сардори корхона барои истеҳсол ва афзун намудани маҳсулоти ба рақобат тобовар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби мутахассисони маҳаллӣ, аз ҳисоби даромади корхона баланд бардоштани маош ва дар ин замина ба ҳавасмандии коргарон мусоидат намудан, маслиҳатҳои муфид дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Замин - Текстил" ба хоҷагии кооперативӣ истеҳсолии кишоварзии "Аловуддин"-и ноҳия рафт. Хоҷагии мазкур соли 2002 таъсис ёфта, 421 нафар дар он заҳмат мекашанд. Дар майдони 106 гектар замин пахтаи навъи "108 -Ф" корида шудааст.

Сарвари давлат дар майдони пахта бо занону духтарон, ки бо нарм кардани заминҳои пахта машғул буданд, сӯҳбати самимию ошкоро намуд. Заҳматкашони хоҷагӣ ба Сарвари давлат барои ба ноҳия ва хоҷагӣ ташриф оварданаш изҳори миннатдорӣ намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи иҷтимоию иқтисодии пахтакорон пурсон шуда, ба сардори хоҷагӣ барои баланд бардоштани маоши коргарон, ҳавасмандии онҳо, афзун намудани истеҳсолоти пахта, ки асоси пешрафти хоҷагӣ ва беҳдошти шароити иқтисодии заҳматкашон аст, дастур дод.

Дар ноҳияи Фархор ривоҷи соҳаи чорводорӣ баръало мушоҳида мешавад. Дар ин ҷо барои парвариши моли майда, аз ҷумла гӯсфандҳои хушзот тамоми шароиту имкониятҳо мавҷуданд. Сарвари давлат ба хоҷагидорон ва вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои афзун намудани саршумори ин намуди моли майда дар худи хоҷагӣ ва ба дигар хоҷагиҳои мамлакат ба фурӯш баровардану дар ин замина зиёд намудани ин зоти хушсифат маслиҳатҳои муфид дод. Хоҷагидорон иброз доштанд, ки омодаанд айни замон 1000 сар ин намуд гӯсфанди хушзотро ба фурӯш бароранд.

Меҳнаткашони ноҳияи Фархор аз татбиқи амалии ислоҳоти замин хеле қаноатманд мебошанд. Маҳз бо шарофати сиёсати стратегии кишоварзӣ ба хусус тадбирҳои инқилобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди тақсими замин ба аҳолӣ деҳқононро рӯҳбаланд гардонид.

Дар доираи сафари худ ба ноҳияи Фархор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳия ва пиру барно мулоқоти гарму самимӣ дошт. Бо онҳо дар бораи сиёсати имрӯзаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, тавлиди ҷойҳои нави корӣ, тарбияи фарзандон дар роҳи дуруст ва соҳибкасб гардонидани онҳо, танзими оила, тавлид ва тарбияи фарзандони солим ва умуман тамоми паҳлӯҳои ҳаёти онҳо аз наздик сӯҳбат кард.

Худи ҳамон рӯз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳияи Фархор доир гардид.

Дар сӯҳбат масъалаи истифодаи самаранок ва оқилонаи замин, беҳдошти фаъолияти муассисаҳои маорифу тандурустӣ, тавлиди ҷойҳои нави корӣ, аз ҳисоби ҷавонон тарбия намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои гуногун, рушди соҳаҳои чорводорию боғдорӣ ва зиёд намудани содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520