Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози фаъолияти боғчаи кӯдаконаи «Ситора» дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон

22.04.2016 11:11, ноҳияи Ёвон

Дар паҳлӯи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 16, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози фаъолияти боғчаи кӯдаконаи «Ситора» иштирок кард. Кушодашавии ин боғчаи замонавӣ барои сокинони деҳаи Даҳанаи ҷамоати деҳоти «Даҳана»-и ноҳияи Ёвон имкони бештари ҷалби хурдсолон ба тарбияву таълимро фароҳам овард.

Кӯдакистон дорои шаст ҷой барои хурдсолон буда, бо техналогияҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар ин Муассиса 18 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд, ки аз онҳо 6 нафар мураббӣ ба хурдсолон таълим медиҳанд. Инчунин табибони соҳибтаҷриба баҳри хидмати сифатнок ба кудакон ҷалб гаштаанд. Дар муассисаи томактабии мазкур 10 утоқ, аз ҷумла толори таълимӣ, варзишиву, мусиқӣ, як утоқи тиббӣ, ошхона ва майдонча барои бозии кӯдакон ба фаъолият шуруъ кард.

Кӯдакистони мазкур дар заминаи бинои қаблии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 бо гузаронидани таъмиру тармим аз тарафи ҳукумати ноҳияи Ёвон ба маблағи 320 ҳазор сомонӣ ва 300 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби  соҳибкори маҳалӣ Баҳриддин Ҷурахонов азнавсозӣ шудааст. Бинои мазкур дар тули се моҳ ба Боғчаи кӯдакона мутобиқ гардида, бо ашёи зарурӣ ҷиҳозонида шудааст.

Барои болидаруҳии хурдсолони ин даргоҳ аз Сарвари давлат ба ин Боғча  асбобҳои мусиқӣ, оинаи нилгуни калонҳаҷм туҳфа кард.

Мавриди зикр аст, ки дар Боғчаи мазкур кӯдакон аз оилаҳои коргар, серфарзанд ва модарони бемор қабул карда шуда, ба таълим фаро гирифта мешаванд. Кӯдакон дар баробари таълиму тарбия ҳамзамон дар се вақт бо хуроки гарму хуштамъ дар ошхонаи ин муассиса, ки ба таври замонавӣ сохта шудааст, таъмин мегарданд.

Боғчаи кӯдакона дар доираи Барномаи рушди Муассисаҳои томактабӣ барои солҳои 2012-2016 бунёд гардидааст. Мавриди зикр аст, ки то ба имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Ёвон 7 Муассисаи томактабӣ фаъолият карда истодааст, ки фарзандони сокинони ноҳияро ба таълиму тарбия фаро мегиранд.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ва истироҳати кӯдакон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои арзанда дод, ин иқдоми соҳибкорони ватаниро амали хубе, барои ободкорию созандагӣ, ба тарбия фаро гирифтани насли наврас ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ маънидод кард.

Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати кӯдакон ҳанӯз аз синни хурдӣ бояд чунин муассисаҳои замонавии томактабӣ бештар таъсис дода шаванд.

Ба ивази ин дастгириҳои Сарвари давлат ва таваҷуҳи хоса ба соҳаи мактабу маориф кормандони Боғчаи Ситора ва волидони кудакони хуштолеъ изҳори сипосу минатдорӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520