24 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Нерӯҳои марказии Кувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Аби Зейдро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни сӯҳбат маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амният баррасӣ шуданд.
"Дар муносиботи Тоҷикистону Амрико марҳила ба марҳила натиҷаҳои пурсамару эътимодбахш ба мушоҳида мерасад", - изҳори қаноатмандӣ карда шуд дар мулоқот. Ба андешаи мусоҳибон оғози сохтмони кӯпруки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки аз ҷониби ИМА маблағгузорӣ мешавад, омили муҳимми вусъатбахши раванди барқарорсозии Афғонистон буда, ба ривоҷи ҳамкориҳои минтақавӣ заминаи устувор хоҳад гузошт.
Тарафҳо ҳамчунин аз рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, ба мисли мубодилаи таҷриба ва иттилоот дар муборизаи байналмилалии зиддитеррористӣ, омода кардани кадрҳо ва расондани ёрдами техникӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати ИМА барои сармоягузории бунёди кӯпрук ва як қатор лоиҳаҳои муштарак, инчунин ҳамкориҳо дар бахши таҳкими имкониятҳои Тоҷикистон дар мубориза алайҳи терроризму гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва тайёр кардани мутахассисон арзи сипос кард.
Фармондеҳи Нирӯҳои марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Аби Зейд низ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мусоидати ҳамаҷониба дар мавриди фаъолияти эътилофи байналмилалии мубориза алайҳи терроризм, таъмини суботу амнияти минтақа ва ҷаҳон изҳори сипос карда, таъкид дошт, ки саҳми Тоҷикистон дар ин самтҳои фаъолияти муштарак бисёр муҳимму назаррас аст.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт.