Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29.04.2016 10:41, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маҷлиси ҳукумат нахуст лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунандаи мамлакат мақул дониста шуда барои баррасӣ ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Аъзои Ҳукумат аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»-ро мақул дониста барои баррасӣ ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бадахшонроҳсоз», Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара», Муассисаи давлатии «Маркази конструктории лоиҳакашии технологияҳои нави саноатӣ» ва табдили номи як зумра корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва масъалаҳои дигари вобаста ба ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди иншооти маъмурию манзилӣ ва коргоҳу корхонаҳои саноатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар кори маҷлиси ҳукумат лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Булғористон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо қабул карда шуд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми кори ҷаласа аъзои Ҳукумати мамлакат ва роҳбарони дигар вазорату идораҳои дахлдорро барои иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии масъалаҳои дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишуда вазифадор намуда ба онҳо доир ба дигар самтҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ дар давоми соли равон, аз ҷумла таъмини пешрафти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, рушди картошкапарварӣ, вусъатбахшии кишти такрорӣ ва афзун намудани ҳаҷми содироти меваю сабзавот ба хориҷи кишвар супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520