31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
"Табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини маро ба муносибати иди миллиатон - Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Қирғизистон қабул намоед.
Боварии комил дорам, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории анъанавии байни Тоҷикистону Кирғизистон пойдор гашта, минбаъд низ ба манфиати мардумони мо тавсеаю густариш меёбанд.
Тоҷикистон омодааст, ки бо Қирғизистон робитаҳои худро боз ҳам мустаҳкам намояд ва мо тасмим дорем, ки барои рушду густариши бемайлони ҳамкориҳои байни ду кишвар ҳама корҳои заруриро анҷом диҳем.
Ба Шумо, Қурмонбек Солиевичи мӯҳтарам, саломатии бардавому комёбӣ ва ба мардуми бародари қирғиз осоишу шукуфоӣ таманно мекунам".