1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд ҳамчунин дар расми ба истифода додани толори қабули меҳмонони олиқадр ва ҳайатҳои расмии фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд ширкат намуд.
Сарвари давлат лентаи рамзиро бурида, ба фаъолияти ин бинои нави ҳозиразамони фурудгоҳ оғоз бахшид. Эмомалӣ Раҳмон аз толорҳои ин бино дидан намуда, баҳри ба меъёрҳои умумиҷаҳонӣ мувофиқ намудани шароитҳои дохилу хориҷи он як қатор супоришу маслиҳатҳо дод.