Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табриқӣ ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Чан Дик Лионг

02.09.2005 09:00, шаҳри Душанбе

2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Чан Дик Лионг барқияи шодбош фирстод, ки дар он гуфта мешавад:

"Луфтан иҷозат фармоед, дар арафаи таҷлили 60-солагии эълони истиқлолияти мамлакататон Шумо ва тамоми мардуми бо мо дӯсти Ветнамро ба муносибати ин иди фараҳбахш самимона табрик намоям.

Изҳори боварӣ мекунам, ки ба шарофати кӯшишҳои мо муносибатҳои давлатҳоямон ба манфиати ободӣ ва шукуфоии мамлакатҳо ва халқҳоямон боз ҳам бештар густариш хоҳанд ёфт.

Ҷаноби Президент, аз ин фурсати мусоид истифода бурда, ба Шумо саломатӣ, хушбахтӣ, фараҳмандӣ ва ба халқи Ветнам сулҳу ободӣ орзу менамоям".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520