Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқоти роҳбарони ҳайатҳои «Мамлакатҳои озмоишӣ» бахшида ба проблемаҳои ба даст овардани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар Тоҷикистон

13.09.2005 07:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Ҷаноби Раис, пеш аз ҳама ба дӯсти умумии мо, профессор Ҷефри Сакс барои ташаббуси баргузор сохтани ҳамин мулоқот, барои фаъолияти самарабахшу муфиди умумиҷаҳонии ӯ, ки ҳадафи он мусоидат ба ҳалли проблемаи хеле душвор ба даст овардани Ҳадафҳои Рушд, ки дар Эъломияи Ҳазорсола ифода ёфтаанд, изҳори сипос мекунам.

Профессор Сакс фасли тобистон ба Тоҷикистон ташриф оварда буд. Мо якҷоя бо ӯ ва ҳамроҳонаш натиҷаи кори доманадори муштаракамонро дар бобати баррасии талаботи ба даст овардани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар мамлакат ҷамъбаст кардем. Профессор изҳори ҳайрат намуд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи баъди анҷом ёфтани ҷанги дохилӣ на танҳо иқтисодиёти худро босуръат барқарор сохт, балки дар роҳи сулҳу субот, ташаккул ва пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ қадамҳои қатъӣ мегузорад.

Дар мамлакати мо даври аввали ислоҳоти иқтисодӣ анҷом ёфт. Дар натиҷаи ин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии дохилӣ дар давоми панҷ соли охир зиёда аз даҳ фоиз афзуд. Ба шарофати ин дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ натиҷаҳои мусбат ба даст оварда шуданд. Теъдоди одамоне, ки ниҳоят қашшоқона зиндагӣ мекарданд, дар ин муддат 16 фоиз кам шуд. Инчунин, дар бобати таъмини амнияти озуқа натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд. Дар ин бобат саҳми ҷомеаи ҷаҳон, созмонҳои байналхалқӣ, пеш аз ҳама СММ ва мамлакатҳои мададгор хеле калон аст.

Профессор Сакс чунин мешуморад, ки Тоҷикистон то соли 2015 нақшаҳои асосии Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсоларо иҷро карда метавонад.

 Иҷрои вазифаҳои бамиёнгузошташуда ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар миқёси Осиёи Марказӣ намунаи баробарӣ, шукуфоӣ ва тадриҷан ҷорӣ кардани принсипҳои демократия гардад. Ман ба ин ақидаи профессор розӣ нашуда наметавонам.

Барои то соли 2015 ба даст овардани Ҳадафҳои Ҳазорсола кадом корҳоро анҷом додан зарур аст? Пеш аз ҳама барои ин нақшаи амалиётро тартиб додан зарур буд, ки мо ин корро анҷом додем. Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, бо кӯмаки СММ эҳтиёҷоти мамлакатро барои ба даст овардани Ҳадафҳои Рушд ҳамаҷониба муайян намуд.

Баъдан дар асоси ин ҳуҷҷат Нақшаи миллии стратегӣ барои солҳои 2006-2015 ва нақшаи нисбатан муфассали стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар давоми солҳои 2006-2008 тартиб дода мешаванд.Ҷараёни таҳияи ин ҳуҷҷатҳо таҳти назорати Президент қарор дорад.

Ҳамаи онҳое, ки дар ин соҳа дар давоми ду соли охир бо Тоҷикистон ҳамкорӣ карданд, шоҳиданд, ки ҳукумати мамлакати мо то чӣ андоза барои ба даст овардани Ҳадафҳо ва ислоҳот кӯшиш ба харҷ медиҳад. Вале ҳаминаш мусаллам аст, ки кӯшишҳои мо бе кӯмаку дастгирии берунӣ натиҷаи дилхоҳ дода наметавонанд. Барои исботи ин гуфтаҳо танҳо як мисол меорам: мувофиқи хулосаи коршиносон ба Тоҷикистон дар давоми даҳ соли оянда барои таъмини пешрафти зарурӣ барои ба даст овардани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола тақрибан 13 миллиард доллар зарур аст.

Ин чунин маъно дорад, ки ҷомеаи ҷаҳон ӯҳдадориҳои нисбати Тоҷикистон базиммагирифтаашро бояд афзун гардонда, ҳаҷми кӯмакҳои худро бо мақсади то соли 2015 ба даст овардан Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола камаш ду баробар зиёд намояд.

Тоҷикистон имрӯз дар марҳалаи тақдирсози тараққиёти худ қарор дорад. Дар мамлакат ҷараёни ислоҳоти самарабахши иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ торафт вусъат меёбад. Дар маркази ҳамаи ин рӯйдодҳо инсоне қарор дорад, ки вобаста ба давраи гузариш ва муноқишаи дохилӣ душвориҳои зиёди тасаввурнопазирро аз сар гузарондааст. Вале ҳаминаш хеле муҳим аст, ки ӯ мағлуб нашуд. Баръакс, халқи мамлакати мо рӯҳияи мағлубнашаванда ва иродаи неки худро ба зиндагии боз ҳам шоистатари оянда зоҳир менамояд.

Умед аст, ки ҷомеаи ҷаҳон ба омилҳои дилпуркунандаи Тоҷикистон баҳои мусбат дода, кӯшишҳои моро дар бобати беҳтар сохтани шароити зиндагии одамон ва пешрафти иқтисодиёт дастгирӣ хоҳад кард.

Аз рӯйи изҳороте, ки ду рӯз боз дар толори маҷмааи кулли СММ садо медиҳанд, сарони мамлакатҳои ҷаҳон дар ин хусус ҳамфикранд, ки амнияти умумибашарӣ ва шукуфоии мамлакатҳоро бе пирӯзи дар ҷабҳаи мубориза ба муқобили қашшоқӣ таъмин кардан мумкин нест. Вақти он расидааст, ки ин хулосаи фавқулодда муҳим бояд ҳамаҷониба дастгирӣ ва дар амал татбиқ карда шавад. Акнун мо бояд барои ба даст овардани ҳадафҳоямон якҷоя амал кунем.

Ташаккур.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520