Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар мулоқоти роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои мададрасон

15.09.2005 07:00

15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо истифода аз имконияти мусоид дар ҳузури роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои мададрасон, ки ба масъалаи дастовардҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бахшида шуда буд, иштирок ва суханронӣ кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба асосгузори вохӯрӣ профессор Ҷефри Сакс, ки тобистони ҳамин сол ба Душанбе ташриф оварда буд, сипосгузорӣ намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон ёдовар шуд, ки бо татбиқи ислоҳоти мақсадноки иқтисодиву иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои назарраси пешрафт ба даст омада, тайи 5 соли охир афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 10 фоизро ташкил дод, сатҳи камбизоатӣ бошад 16 фоиз кам гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки мо андешаҳои профессор Ҷефри Саксро дар мавриди он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти васеи расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсоларо то соли 2015 дорад, ҷонибдорӣ менамоем.

Ба андешаи Сарвари давлати Тоҷикистон камбизоатию нодорӣ асоси ҳама гуна нобаробарию муборизаҳои глобалӣ, мушкилоту таҳдидҳои нав мегардад. Аз ин рӯ фароҳам овардани шароитҳои мусоиди инкишоф дар ҳама қитъаҳо ва кишварҳо бояд ҳамеша аз мадди назари ҷомеаи ҷаҳонӣ дур намонад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд, ки мувофиқи далелҳои гурӯҳҳои коршиносон барои расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ҳамагӣ 13 миллиард доллари ИМА зарур аст.

Дар мулоқоти роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои мададрасон, инчунин Президенти Сенегал Абдулло Вад, Президенти Гана Ҷон Куфуор, Президенти Ҷумҳурии Доминикан Феркандез Рейна, Сарвазири Эфиопия Мелес Зенаве, Вазири банақшагирӣ ва рушди Кения Питер Нуонго ва Сафири Яман Абдулло ас-Саиди иштирок ва суханронӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520