15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ню-Йорк бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мулоқот кард.
Дар мулоқот мавзӯҳои марбут ба таҳкими муносибатҳои гуногунҷанбаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҷаноби Маҳмуди Аҳмадинажодро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику шодбош гуфта, изҳори умед кард, ки муносибатҳои ҳасанаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон минбаъд низ дар асоси принсипу меъёрҳои байналмилалӣ ҷараён хоҳанд гирифт.
Дар мулоқот зикр гардид, ки иштироки Эрон дар бунёди Нерӯгоҳи барқии обии "Сангтӯда - 2", нақби Анзоб ва дигар барномаҳо аз иқдомоти арзишманд дар роҳи татбиқи амалии аҳду паймонҳое ба шумор меравад, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон моҳи октябри соли 2004 ба даст омада буданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод даъват намуд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёрад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд ва мӯҳлати он бо роҳҳои дипломатӣ муайян карда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бунёди Нерӯгоҳи барқии обии "Сангтӯда-2" ва нақби ағбаи Анзобро аз самтҳои асосии татбиқи барномаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд.