Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раисони вилоятҳои Суғду Хатлон

19.09.2005 17:00, шаҳри Душанбе

19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алимамад Ниёзмамадов, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон Қосим Қосимов ва Амиршо Миралиев сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.

Сарвари давлат баъди шунидани гузориши раисони вилоятҳо оид ба корҳои омодагӣ ба мавсими сармо, татбиқи амалии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаҳои кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ дастур дод, ки суръати ҷамъоварии ҳосили пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзиро тезонида, ҷараёни расонидани кӯмак ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаро зери назорати қатъӣ гиранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки бояд қувваҳои қобили меҳнат танҳо бо роҳи ҳавасмандии молиявӣ ба кори саҳро ҷалб карда шаванд.

Сарвари давлат зимини сӯҳбат ҳамзамон ба масъалаҳои пешрафти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъмини саривақтии маошу нафақа ва омодагӣ ба мавсими сармо мароқ зоҳир намуда, дар ҳамин замина ба раисони вилоятҳо супоришҳои мушаххас дод.

19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки роҳбарон ва масъулини сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ машварати корӣ анҷом дод.

Дар машварат масоили вобаста ба омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, мубориза алайҳи ҷинояткориву гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва масъалаҳои тайёрӣ ба машқҳои муштараки фармондеҳию ситодии сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, ки ба наздикӣ дар минтақаи шарқии ҷумҳурӣ ҷараён мегирад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар партави баромади худ дар ҷаласаи 60-ӯми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз тасмимот ва ӯҳдадориҳои ҳуқуқии байналмилалии давлати Тоҷикистон ёдовар шуда, таваҷҷӯҳи масъулинро ба масоили мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дар ин робита пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон равона кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520