Баъд аз он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи ду мағозаи китоб ширкат намуд.
Мағозаи "Фарҳод" аз ду ошёна иборат буда, масоҳати умумиаш 207 метри мураббаъ аст. Дар он наздики 1500 китоби таълимӣ, бадеӣ ва сиёсӣ ба фурӯш бароварда шудааст.
Мағозаи дуюми "Олами китоб" бо номи "Шӯҳрат", ки масоҳати умумии он 614 метри мураббаъ аст, 35 ҳазор нусха китоб дорад.
Ин мағозаҳо аз тарафи соҳибкорон Фарҳод Раҳмонов ва Қурбоншоҳ Сайфов сохта шудаанд, ки масоҳати умумиашон 821 метри мураббаъ буда, 154 ҷои корӣ доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ин мағозаҳо дидан карда, бо изҳори қаноатмандӣ таъкид дошт, ки ин кори хайр барои дастраси хонандагони мактаб, донишҷӯён ва ҳамчунин дигар дӯстдорони китоб иқдоми наҷиб ва намунаи намоёни татбиқи амалии нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди илму маърифат ва соҳаи маорифи кишвар аст.