Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар қароргоҳи Шоҳзода Карим ал-Ҳусайн Оғохони IV дар шаҳри Париж бо ин шахсияти барои Тоҷикистониён маъруфу шинохта мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ доираи васеи ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо созмонҳои мухталифи тобеи Карим Оғохони IV мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Шоҳзода Оғохони IV Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмоновро дар қароргоҳи доими худ хайрамақдам гуфта, ба баргузоршавии рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО ба Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон ибрози табрику таҳният намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба Шоҳзода Карим Оғохони IV ҷиҳати саҳми намоёну арзандааш дар татбиқи амалии як қатор лоиҳаҳои барои мардуми Тоҷикистон муҳим ва таъсири неки фаъолияташ ба паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолии ҷумҳурӣ арзи қадрдонӣ намуд.
Дар мулоқот атрофи доираи васеи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо созмонҳои Шоҳзода, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвари мо ва вазъи кунунии ҷумҳурӣ ва минтақа мубодилаи афкор сурат гирифт.