Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи намоишгоҳи аксу мусаввараҳои эҷодкорони шинохтаи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО

10.10.2005 12:00, Франсия

10 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири Кулли ЮНЕСКО Коичиро Матсуура ба ифтитоҳи намоишгоҳи аксу мусаввараҳои эҷодкорони шинохтаи Тоҷикистон бо буридани лентаи рамзӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури Дабири Кулли ЮНЕСКО ҳозиринро ба ифтитоҳи намоиши аксҳо ва асарҳои бадеии аҳли эҷоди Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба Коичиро Матсуура барои фароҳам овардани шароиту имконияти таъсиси ин чорабинии фарҳангӣ арзи сипос кард.

Дар ҷараёни шиносоӣ бо намунаҳои беҳтарини офаридаҳои тоҷикистониён, ки бозгӯи табиати зебою нотакрор ва диду тафаккури фарҳангдӯстонаи эҷодкорони мамлакат буд, Коичиро Матсуура баҳои баланд дод.

"Ин тадбир на танҳо бозгӯи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО, балки инъикоси ҳаёти ҷомеа дар доираи муколамаи тамаддунҳо ва фарҳангҳо мебошад", - андешаронӣ намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Тавре Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ Осиёи Марказӣ яке аз сарчашмаҳои нодиру пурғановати мероси фарҳанги ҷаҳонӣ буда, таҷрибаи бойи арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, муносиботи неки ҳамсоягӣ ва дӯстию рафоқат андӯхтааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520