11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо Президенти Фаронса Жак Ширак мулоқоти созандаю самимӣ ва фарогири масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Фаронсаро анҷом дод.
Имзои созишномаи ҳамдастию ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соли 2004 ба густариши робитаҳои серҷанбаю бисёрсоҳа такони нав бахшид, - таъкид рафт дар оғози сӯҳбат.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз ҳамкориҳои ҳарбию сиёсӣ, тайёр кардани кадрҳои низомӣ, таъминоти артиш ва муассисаҳои олии таълимии соҳа бо эҳтиёҷоти илмию таҷҳизотӣ, ба сатҳи боз ҳам баландтар бардоштани робитаҳои иқтисодиро аз муҳимтарин омилҳои таҳкими муносиботи дуҷониба арзёбӣ кард.
Тарафҳо дар мавриди таъсиси Шӯрои ҳамкорӣ бо комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳамфикр буданд. "Ҳанӯз имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ хеле зиёданд ва амалӣ сохтани онҳо ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд", - тазаккур дода шуд дар мулоқот.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Фаронса Жак Ширак аснои таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои вусъати муборизаҳои муштараки ҷаҳонӣ алайҳи терроризму экстремизм ва омили таъминкунандаи заминаи молиявии он - гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор вусъати марҳилаи барқарорсозии иқтисодии Афғонистонро аз масъалаҳои аввалиндараҷаи талаби замон маънидод карданд.
Жак Ширак ҳунармандони тоҷикро бо ордени "Санъат ва суханварии Фаронса" мушарраф гардонид.
Бори нахуст дар таърихи давлати Фаронса бо ташаббуси шахсии Президент Жак Шерак чор нафар ҳунармандони шинохтаи тоҷик - Давлатманд Холов, Абдувалӣ Абдурашидов, Соҳиба Давлатшоева ва Ҳақназар Аловатов бо ордени "Санъат ва суханварии Фаронса" мушарраф гардиданд. Ин мукофотҳои олиро Президенти Ҷумҳурии Фаронса Жак Шерак дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан ба ҳунармандони тоҷик тақдим кард.