Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани агрегатҳои навбатии НБО-и "Помир-1"

01.11.2005 18:00, шаҳри Хоруғ

1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими кушодашавӣ ва ба истифода додани агрегатҳои навбатии НБО-и "Помир-1", шиносоӣ бо рафти татбиқи амалии Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ошноӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Қалъаи Хумб ва иштирок дар маросими кушодашавӣ ва ба истифода додани қитъаи Шкев - Зиғар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат бо гурӯҳи калони сокинони шаҳри Хоруғ сӯҳбати ошкорою самимӣ ороста, аз вазъи рӯзгор ва шароити кору зиндагии онҳо пурсон шуд.

Дар сӯҳбат бо гурӯҳи ҷавонони шаҳри Хоруғ, ки ҳамчунин ба истиқболи Сарвари давлат омада буданд, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи мактабу маориф, шароити таълимиашон пурсон шуда, онҳоро бо хониши хубу аъло ва аз худ кардани илму ҳунар ҳидоят намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳонаш ба НБО-и "Помир-1", ки дар масофаи 12 км аз шаҳри Хоруғ дар ҳудуди деҳаи Танги ноҳияи Шуғнон қарор дорад, омада, нахуст бо шароити корӣ дар ин иншоот шиносоӣ пайдо намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тугмаи агрегатҳои навро пахш намуда, онҳоро дар фазои тантанавӣ ба кор даровард. Бо ҳамин иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳ якбора аз 14 ҳазор киловат соат ба 28 ҳазор киловат соат расида, ба андозаи 100 фоиз зиёд гашт.

Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба корҳои анҷомдодашуда дар НБО-и "Помир-1" гузориш дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи бинои агрегатҳои НБО-и "Помир-1" лентаи рамзиро бурида, ба фаъолияти ду агрегати навбатии он расман оғоз бахшид.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳонаш аз дохили Нерӯгоҳи барқии обии "Помир - 1" дидан карда, бо кору фаъолияти он ва шароити кории коргарону мутахассисонаш аз наздик шинос шуд.

Бо фаъол гаштани ҳамаи 4 агрегати ин нерӯгоҳ силсилаи нерӯгоҳҳои воқеъ дар ҳудуди ВМКБ метавонанд эҳтиёҷоти шаҳри Хоруғро пурра ва ҳамаи қаламрави вилоятро 80 фоиз бо нерӯи барқ дар ҳама фаслҳои сол таъмин намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди сохтмончиёну мутахассисони НБО-и "Помир-1" ва сокинони зиёди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ба муносибати ин рӯйдоди фараҳбахши таърихӣ гирд омада буданд, суханронӣ намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро бо кушодашавии иқтидорҳои нави НБО-и "Помир-1" табрику таҳният гуфта, онро рӯйдоди муҳимми таърихӣ дар ҳаёти мардуми кӯҳистони Бадахшон арзёбӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид дошт, ки тибқи тадбирҳои судбахши Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки бо маблағгузории худӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ амалӣ мегардад, вазъи таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ хеле беҳ мегардад. То соли 2007 боз чанд нирӯгоҳи хурди обии дигар ба истифода дода мешавад, ки ин иқтидори нерӯгоҳҳои вилоятро ба 45 ҳазор киловатт - соат мерасонад.

Сарвари давлат оид ба иқтидори солонаи нерӯгоҳҳои барқии обии вилоят маълумот дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки агар то соли 2005 - дар НБО-и "Помир-1" 70 млн. кВт дар як сол қувваи барқ истеҳсол мешуд, пас имрӯз иқтидори солонаи он ба 143,5 млн.кВт расид.

Иқтидори истеҳсолии дигар нерӯгоҳҳо низ имрӯз хеле зиёд гардидааст. Аз ҷумла, Нерӯгоҳи обии барқии Хоруғ то имрӯз дар як сол 45,6 миллион кВт қувваи барқ истеҳсол мекард, имрӯз бошад тавоноии он ба 63 млн.кВт қувваи барқ расидааст. Ҳамчунин нерӯгоҳи барқии обии Ванҷ то имрӯз 5,2 млн. кВт дар як сол қувваи барқ истеҳсол мекард, ҳоло бошад тавоноии солонаи он ба 8,8 млн. кВт расонда шудааст. Иқтидори солонаи нерӯгоҳи Намангуди ноҳияи Ишкошим, ки 7,5 млн. кВт буд, имрӯз ба 14,8 млн. кВт расид.

Дар маҷмӯъ дар 11 адад нерӯгоҳҳои хурду миёнаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон агар то соли 2005 136,7 млн.кВт қувваи барқ дар як сол истеҳсол карда мешуд, пас имрӯз тавоноии солонаи онҳо ба 238,5 млн. кВт қувваи барқ расидааст, ки фарқияти он 101,8 млн. кВт ро ташкил медиҳад.

Дар натиҷа имрӯз талаботи шаҳри Хоруғ бо нерӯи барқ дар тамоми сол 100 фоиз, ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа 90 фоиз ва ноҳияҳои Ишкошиму Рӯшон 70 фоиз қонеъ мегарданд.

Дар баробари ин зеристгоҳҳои 35 / 10 киловолтаи Бизмич, Ҷомӣ, Хоруғ, Шуғнон, Поршнев, Навобод аз нав таҷдид карда шуда, зеристгоҳи 35/10-и Бунӣ дар ноҳияи Рӯшон сохта ба итмом расонида шуд.

Агар то соли 2005 тавоноии зеристгоҳҳои дар вилоят буда 27,2 мегаволт ампер (МВА) бошад, пас имрӯз тавоноии онҳо ба 58,9 МВА расид, яъне тавоноии онҳо то 2,2 маротиба зиёд гашт.

Ҳамчунин хатҳои барқии 35 киловолтаи занҷираҳои № 1 ва № 2 аз деҳаҳои Танг то Хоруғ, ки дарозии ҳар кадомаш 22 км аст, ба итмом расонида шуд.

Сохтмони хати барқии ВЛ-35 киловолта аз Поршнев то Бунӣ ба итмом расонида шуд, ки дарозии он 15 км-ро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин хати барқии 35 киловолтаи дигар аз Бунӣ то Рӯшон то 15 декабри соли ҷорӣ ба итмом расонида мешавад.

Сохтмони пули ноҳияи Ишкошим, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, бо суръат давом дорад ва то марти соли 2006 ба итмом хоҳад расид.

Бо амалӣ гаштани ин тадбирҳо, таъкид дошт Сарвари давлат, на танҳо талаботи аҳолӣ пурра бо нерӯи барқ дар ҳамаи фаслҳои сол таъмин мешавад, балки ба роҳ мондан ва инкишофи саноати кӯҳӣ ва азхудкунии канданиҳои фоиданоки зеризаминии Бадахшон низ имконпазир мегардад.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов, Вазорати энергетика ва дигар идораҳои дахлдор дастур дод, ки дар мӯҳлати кӯтоҳ лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи "Помир-2"-ро низ таҳия намуда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт, ки пурра ба кор даромадани шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ - Кулма Бадахшонро ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил медиҳад, чунки аз тариқи ин роҳ пайвастани мо бо шоҳроҳи азими байналмилалии Қароқурум ва бандарҳои баҳрҳои гарм имконпазир мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масоили соҳаи сохтмони умумии вилоят дахл намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки бо истифодаи маблағҳои худӣ ва ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ, ки қарзҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб меёбанд, беш аз пеш дар вилоят корҳои созандагӣ вусъат дода мешаванд.

Дар панҷ соли охир дар муҷтамеи сохтмонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳисоби тамоми манбаъҳои маблағгузорӣ 183 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Дар ин давра дар сохтмони иншооти таъиноти истеҳсолӣ дар маҷмӯъ 141 миллион сомонӣ сарф гардида, фондҳои асосӣ ба андозаи 51 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Маблағгузории муҷтамеи сохтмони асосии вилоят соли ҷорӣ нисбат ба соли 2001-ум беш аз се маротиба ва назар ба соли гузашта якуним маротиба афзуд.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамарказонидашудаи мамлакат барои сохтмони асосии вилоят 4,5 миллион сомонӣ ҷудо карда шуда, тавассути вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 18 иншоот бунёд мегардад. Илова бар ин, аз Фонди захиравии Президенти мамлакат барои азнавсозӣ ва таъмири мактабҳои таҳсилоти умумии вилоят зиёда аз 2 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмӯъ дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва ҷумҳуриро бисёр умедбахш арзёбӣ намуда, таваҷчӯҳи ҳозиринро ба масоили рушди мактабу маориф, таълиму тарбияи насли наврас ва омода кардани кадрҳои ҷавон махсус равона кард ва таъкид дошт, ки истифодаи имкониятҳои ояндаи саноатию истеҳсолии кишвар бе мутахассисони хуби соҳаҳои гуногун аз имкон берун аст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520