Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Бонки Осиёии Рушд Харухико Курода

07.11.2005 14:00, шаҳри Душанбе

7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Харухико Куродаро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Харухико Куродаро ба муносибати ба мақоми Президенти Бонки Осиёии Рушд интихоб шуданаш табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоили ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ин институти бонуфузи молиявии байналмилалӣ таваҷчӯҳи хос зоҳир мекунад.

Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои рушду нумӯи муносибатҳои судбахши Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҷонибҳо зимни сӯҳбати тӯлонию пурсамар атрофи ҳамкориҳои Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд дар соҳаҳои иқтисод, молия, энергетика, нақлиёт, роҳсозӣ, саноати кишоварзӣ, бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва дар соҳаи иҷтимоиёт мубодилаи афкор намуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон саҳми Бонки Осиёии Рушдро арзишманду муассир арзёбӣ намуда, изҳори умед кард, ки минбаъд ҳамкориҳои судбахши Тоҷикистон бо ин институти молиявии байналмилалӣ боз ҳам рушду камол меёбад, чунки дар ҷумҳурии мо имрӯз тамоми шароитҳои зарурӣ барои тараққиёти иқтисодию иҷтимоӣ фароҳам омада, фазои мусоиди инвеститсионӣ таъмин гаштааст.

Ҷонибҳо иброз доштанд, ки бо рушду такомули ҳамкориҳои мутақобилан судманд мо метавонем ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ва расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ҳарчи зудтар муваффақ гардем.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520