Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиёрати хонаи Худо

05.12.2005 16:00, Арабистони Саудӣ

5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба Арабистони Саудӣ дар шаҳри Маккаи Мукаррама бо ҳайати ҳамроҳонаш бо либоси махсус, ки иҳромаш меноманд, маросими ҳаҷҷи умра анҷом дод, яъне муқаддастарин ҷои аҳли ислом, қиблаи мӯъминони рӯи замин Каъбатуллоҳро зиёрат намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳонаш тибқи муқаррароти маросими умра 7 маротиба гирди хонаи Каъба давр зада, маросими тавофи Каъбаро анҷом доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Ҳоҷи Амонулло Неъматзода ва дигар ҳамроҳонаш дар паси мавзее, ки дар паҳлӯи Каъбатуллоҳ асту мақоми Иброҳимаш меноманд, ду ракъат намоз хонданд ва баъди анҷоми намоз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дуои хайре барои пешрафту шукуфоии ояндаи Тоҷикистони азиз ва мардуми шарафманди он ба забон овард.

Аснои адои маросими умра Сарвари давлати Тоҷикистон ба чанд нафар тоҷикзабонони бурунмарзӣ вохӯрд, ки аз зиёрати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хонаи Каъба, қиблаи мусулмонони олам арзи ифтихору сарбаландӣ намуданд.

"Мо аз зиёрат ва дидори пешвои тоҷикони ҷаҳон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Каъбатулло бисёр сарфарозем", ба гӯш мерасид, садои як гурӯҳ тоҷикони бурунмарзӣ.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520