8 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи иҷлосияи фавқулоддаи Созмони Конфронси Исломӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот намуд.
Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон дар партави санадҳои дуҷонибаи моҳи апрели соли 2005 дар рӯзҳои сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба имзорасида ва масъалаҳои минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо аз сифат ва мӯҳтавои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон дар хусуси дорои аҳамияти зиёди минтақавӣ низ будани муносибатҳои судбахши ду кишвари дӯсту ҳамзабон назари ягона баён доштанд.
Мусоҳибон атрофи тасмимоти муштараки ҳарду ҷониб оид ба лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон дар соҳаи гидроэнергетика, бунёди хатҳои минтақавии интиқоли нерӯи барқ ва роҳсозӣ мубодилаи афкор намуда, омодагии худро баҳри ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи амалии онҳо баён доштанд.
Дар мулоқот оид ба мушкилоти амнияти минтақавӣ муборизаи муштарак бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҳарду ҷониб табодули назар карда шуд.
Дар мулоқот муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов иштирок доштанд.