8 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити Созмони Конфронси Исломӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ямани Араб Алӣ Абдулло Солеҳ мулоқот намуд, ки дар ҷараёни он масоили ба сатҳи баланди давлатӣ баровардани муносибатҳои деринаи ҳамкориҳои судбахш дар соҳаи сиёсат, иқтисод ва савдо, фарҳанг, илму маориф ва тандурустию дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷчӯҳи тарафайн баррасӣ гаштанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ба кишварҳои ҳамдигар сафари расмӣ намуда, заминаи мусоиди қарордодию ҳуқуқиро барои ҳамкориҳои судбахш муҳайё созанд.