Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Синегал Абдулло Вад

08.12.2005 09:30, Арабистони Саудӣ

8 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Синегал Абдулло Вад сӯҳбати самимию пурсамар анҷом дод, ки он бо хоҳиши дуюмӣ сурат гирифт.

Президенти Синегал Абдулло Вад дар оғози сӯҳбат иброз дошт, ки аз мӯҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи фавқулоддаи Созмони Конфронси Исломӣ хеле шоду муассир гашта, дар дилаш нияти шиносоии наздик бо Сарвари давлати Тоҷикистон ва мардуми ин кишвар пайдо гардид.

Сарварони ду кишвар зимни сӯҳбати самимию тӯлонӣ, ки дар фазои созандагию ҳусни тафоҳум доир гашт, ба мушкилоти кишварҳои мусулмонӣ ва роҳҳои ҳаллу фасли онҳо дахл намуда, ба мувофиқа расиданд, ки ба кишварҳои ҳамдигар сафари расмӣ анҷом диҳанд ва ҳамкории барои ҳарду ҷониб самарабахшро ба роҳ монанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520