Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо раиси Ҷумҳурии Мисри Араб Ҳусни Муборак

08.12.2005 10:00, Арабистони Саудӣ

8 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маккаи Мукаррама бо раиси Ҷумҳурии Мисри Араб Ҳусни Муборак мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Миср мавриди муҳокима қарор гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мисри Араб Ҳусни Муборакро ба муносибати аз нав интихоб шуданаш ба мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб самимона шодбош гуфта, изҳор дошт, ки муносибатҳои Тоҷикистону Миср таърихи тӯлонӣ доранд ва асоси онҳоро муштаракоти фарҳангӣ, ахлоқӣ ва динӣ ташкил медиҳанд.

-"Миср ягона давлати араб ба шумор меравад, ки имрӯз барои ҳифз ва густариши муносибатҳо ва ҳамкориҳояш бо давлатҳои мустақиле, ки дар фазои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба арсаи вуҷуд омадаанд, таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир менамояд ва таъсис ёфтани Бунёди мисрии ҳамкории техникӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил далели равшани ҳамкории ин кишвар бо ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аст", - таъкид гардид зимни мулоқот.

Дар мулоқот оид ба саҳм ва нақши Тоҷикистону Миср дар ҳалли масоили кишварҳои мусулмонӣ, имконоти васеи ҳамкории дуҷониба дар соҳаи илму фарҳанг, иқтисоду савдо, кишоварзӣ ва туризм мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.

Дар мулоқот муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов иштирок доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520